11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази тиббии “Микролаб”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Маркази тиббии “Микролаб” бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Акмалхон Камолов бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкориву созандагии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дорои муосиртарин таҷҳизоти соҳавӣ ва шароити хуби ташхису табобат мебошад. Дар маркази мазкур табобати бемориҳои урологӣ — андрологӣ ва гинекологӣ гузаронида мешавад.
Маркази тиббӣ 5-ошёна буда, аз ошхона, ҳуҷраҳои физиотерапевтӣ, ултрасадо, қабули беморони амрози занона, уролог — андролог, таҳлилгоҳ ва қайди беморон, ҳуҷраҳои бистарикунонӣ ва ёрирасон, ҳуҷраҳои ҷарроҳӣ ва баъдиҷарроҳии беморон ва қисми болоии бино аз ҳуҷраҳои маъмуриву маҷлисгоҳ иборат мебошад.
Марказ бо системаи муосири гармӣ ва сарднамоии дохили бино таъмин аст.
Ин марказ аз 96 ҳуҷра, аз ҷумла 11 ҳуҷраи табибон, 31 ҳуҷраи беморон ва 54 ҳуҷраи ёрирасон иборат мебошад. Маркази тиббӣ дорои 54 кат барои беморон аст. Барои бунёду муҷаҳҳазсозии иншоот қариб 6 миллиону 600 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.
Дар ин ҷо 30 нафар мутахассис соҳиби кори доимӣ гардиданд. 6 табиб ба фаъолият машғуланд, ки баъзе аз онҳо хатмкардаи муассисаҳои олии таълимии хориҷи кишвар мебошанд.
Дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ дар Маркази тиббии “Микролаб” аз давлатҳои Русияву Чин ворид карда шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулон ва табибони марказ дастур доданд, ки ташхису табобати беморон аз ҷониби мутахассисон дақиқ роҳандозӣ шуда, омӯзиши густурдаи дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ аз тарафи духтурон ҷиддӣ ба роҳ монда шавад.
Таҷҳизоти соҳавии баландсифат ташхису табобати дақиқу ҳаматарафаи беморонро таъмин месозад. Баъзе воситаҳои муоинаву муолиҷаи ин марказ дар мамлакат камназир буда, тавассути онҳо метавон табобати бемориҳои гуногуни мардонаву занонаро сифатан хуб ба роҳ монд.
Маркази мазкур бо дастгоҳи муосири эндоскопӣ, таҷҳизоти литориптории пневматикӣ барои майда кардани санги роҳҳои пешобгузар бо усули ҷарроҳии эндоскопӣ ҷиҳозонида шудааст. Дар шуъбаи таҳлилгоҳи марказ таҷҳизоти муосир, ба монанди анализаторҳои насли нав, дастгоҳи иммуноферментӣ ва анализаторҳои хун, пешоб ва микроскопҳои тринокулярӣ насб шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ ва иқдоми соҳибкор баҳои баланд дода, аҳаммияти рушду тавсеаи бештари тибби хусусӣ дар ҷумҳуриро махсус таъкид карданд.