РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ бо мудири кулли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мулоқот кард

11 апрели соли 2024 мулоқоти намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо мудири кулли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ доктор Тедрос Адханом Гебрейесус баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои Тоҷикистон ва СҶТ, дастовардҳои муштарак дар соҳаи тандурустӣ марбут ба Ҳадафҳои рушди устувор, инчунин татбиқи барномаҳо ва стратегияҳои тандурустиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram