РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Тошканд Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оғоз шуд

Дар Донишгоҳи давлатии иқтисоди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони «Ҳадафҳои рушди таҳсилоти олӣ ва илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон» оғоз ёфт. Дар ин бора аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ хабар доданд.

Дар кори форум вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, вазири таҳсилоти олӣ ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Қунғуротбой Шарипов, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Давлатзода Қудрат Қамбар ва дигар роҳбарони сохторҳои илмию таълимии ду давлат иштирок доранд.

Масъалаи ҳолати кунунӣ, роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, илм ва инноватсия байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, масоили марбут ба мубодилаи омӯзгорон ва донишҷӯён, доир намудани конфронсҳои илмӣ, иштирок дар кори шуроҳо оид ба ҳимояи диссертатсияҳо, ташкили равандҳои омӯзиши мутақобила, баланд бардоштани ихтисоси омӯзгорон, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар соҳаи маориф аз масаъалаҳои меҳварии баррасишавандаи форум ба ҳисоб мераванд.

Тибқи барнома, форум дар се бахш идома намуда, суханронии ректори донишгоҳ профессор Давлатзода Қудрат Қамбар дар бахши якум дар мавзуи «Тақвияти ҳамкорӣ миёни МТОК Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар масоили ҳалли мушкилоти мубрами минтақа бо истифода аз иқтидори илмӣ» дар назар аст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram