РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тозанашр: «Рушди қобилиятҳои маърифатӣ»

Бо қарори Шурои татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар нашриёти «Ношир» дастури таълимӣ-методӣ таҳти унвони «Рушди қобилиятҳои маърифатӣ» (Идрок, хотира ва диққат)-и муҳаққиқ, равоншшинос ва устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дотсент Ҳусейн Зайтметов ба тозагӣ чоп шуд. Дар ин бора аз Маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Дастур бо ду забон, тоҷикӣ ва русӣ нашр гардида, дар он қонуниятҳои инкишоф, ва зуҳуроти равандҳои хотир, диққат тафаккур ва суръати хониш мавриди омӯзиш ва баррасии амиқ қарор гирифтааст. Ёдрас мешавем, ки дастури мавриди назар бо назардошти равоншиносии назарӣ ва амалии ҷаҳонӣ асоснок карда шудааст. Ҳамчунин, ташаккул ва ҷараёни марҳилаҳои гуногуни фаъолияти инсон бо назардошти қонуниятҳои техникӣ муайян гардидааст. Фузун бар ин, дар дастур ҳикояҳои психологӣ ва мавзуъҳои эссе акс ёфтааст, ки барои ғанӣ намудани захираи луғавии хонандагон заминаи муосид фароҳам меорад.

Дастури мазкур барои хонандагон, донишҷӯёни донишгоҳҳои омӯзгорӣ, равоншиносон, педагогҳо, муҳаққиқони масъалаҳои рушди қобилиятҳои маърифатии шавқманд ва ҳамаи алоқамандони илми равоншиносӣ тавсия дода мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram