РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Нигоҳи кутоҳе ба тарҷуми урдуи китоби устод Садриддин Айнӣ зери унвони “MERI SARGUZISHT”

(ба муносибати рӯзи таваллуди устод Садриддин Айнӣ 15 апрели 1878)

Санаи 15 апрел зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ мебошад. Устод Айнӣ шахсияте аст, ки бо асарҳояш хазинаи адабиёти халқи тоҷикро ғанӣ гардонида, хизматҳои Устод Айнӣ на танҳо дар рушди адабиёти тоҷик, балки дар пешрафти илмҳои адабиётшиносӣ, таърих, ҷомеашиносӣ низ беназир буда, осори ӯ ганҷинаи бебаҳои маънавии миллати тоҷик маҳсуб мешавад. Ҳамин тариқ, 15 апрел ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ (1878-1954) 146 сол пур мешавад. Устод Айнӣ дар баробари дигар хидматҳои мондагораш дар таърихи забону адаб ва илму фарҳанг, ҳамчунин аз устодони бузурги мактаби илмию амалии фарҳангнигорӣ ва луғатнависии тоҷикӣ ба шумор рафта, аввалин Президенти Акадамеияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошанд. Дар ин зимн, дӯст доштем ба ин муносибат тарҷумаи урдуи китоби устод Айниро зери унвони “Мери саргузашт”- “MERI SARGUZISHT” (Саргузашти ман) ба хонанда пешниҳод намуда маълумот диҳем.
Китоби “MERI SARGUZISHT” аз ҷониби донишманди Осиёи Ҷанубӣ З. Ансорӣ (Zau. Ansaari) ва саҳми Ҷомеаи Ҳамдард-и Деҳлии Ҳиндустон таҳия шуда аз ҷониби Мустафо Камолуддин Ҳасан тарҷума шуда, дар Bideshi Zabanon Ka Ishaat Ghar-и шаҳри Москва дар ҳаҷми 212 саҳифа чоп шудааст, ки оиди саргузашти устод Айнӣ ва таъриху тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ нақл мекунад.
ABOUT THE BOOK
صدرالدین عینی کو وسط ایشیاکے نامور اور معزز مصنفین میں شمار کیا جاتا ہے۔ اپنے بے مثال اسلوب تحریر سے انہوں نے پوری وسط ایشیا اور خاص طور پر تاجسکستان کو اپنا گرویدہ بنا لیا تھا۔ اسی لیے انہیں تاجک قوم کا قومی ہیرو بھی کہا جاتا ہے۔ زیر نظر کتاب ان کی ان کی وہ سوانحی داستان ہے جو انہوں نے بخارا پر لکھی۔ یہ کتاب انیسویں صدی کے ابتدائی نصف دور اور تاجک قوم کی زندگی اور اس کی تاریخ وار سرگزشت سے آگاہی عطا کرتی ہے۔ عینی کی زندگی کا مختصر خاکہ جو اس کتاب میں پیش کیا گیا ہے ایسی واضح اور آسان نثر میں ہے جس نے ان کی کتابوں کو پورے مشرق میں خاص شہرت عطا کی۔

Таҳияи Мирсаид Раҳмонов

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram