РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ба ифтихори “Рӯзи Пойтахт” дар Осорхонаи миллӣ таҳти унвони «Шаҳри Душанбе — аз дирӯз то имрӯз» намоиш баргузор гардид

Имрӯз 16.04.2024 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ифтихори “Рӯзи Пойтахт” намоиши ҷашнӣ таҳти унвони «Шаҳри Душанбе — аз дирӯз то имрӯз» баргузор гардид. Дар ин бора аз Осорхонаи миллӣ хабар доданд.

Дар кори намоиш муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Панҷшанбезода Муҳиддин, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ, омӯзгорону донишҷуёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Дар қисмати ифтитоҳи расмии намоиш иштирокчиён роҷеъ ба таърихи дирӯз ва имрӯзи шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки шаҳри Душанбе, аз қадимулайём макони зисти мардуми ориёнажод маҳсуб ёфта, ҳанӯз 5-6 ҳазорсол қабл аз ин, инсоният ин сарзамини зебоманзарро қароргоҳ ё ҷои истиқомати худ қарор дода буданд.

Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ 110 адад ашёи осорхонавӣ, аз қабили, бозёфтҳои бостоншиносӣ, сиккаҳо, мусаввараҳо, аксҳои таърихии шаҳри Душанбе, лоиҳаву амсилаи биноҳои навбунёди шаҳри Душанбе ба намоиш гузошта шудаанд, ки онҳо таърихи куҳан ва пурифтихори шаҳри Душанберо дар масири таърих инъикос менамоянд.

Дар ҷараёни намоиш аз ҷониби ҳунармандон ва санъаткорони раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе рақсу сурудҳои зебо, ки тараннумгари Пойтахти азизамон шаҳри Душанбе мебошанд, пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.

Намоиши ҷашнии “Шаҳри Душанбе — аз дирӯз то имрӯз” то 25.04.2024 идома меёбад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram