РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд барои Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд

16 апрели соли 2024 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин роҳбари ҳайати ташхискунандагони кишварҳо, иқтисодчии пешбари минтақавии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд барои Осиёи Марказӣ Эрик Ливниро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ байни ҷонибҳо роҷеъ ба афзалиятҳо ва тавсеаи ҳамкории минтақавӣ дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, шартномавӣ-ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули афкор сурат гирифт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram