РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва 7 донишгоҳи олии Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Дар доираи баргузории Форуми дуюми ректорони муассисаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Тошканд байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва 7 донишгоҳи олии Ҷумҳурии Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин бора аз Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ хабар доданд.

Шартномаҳои ҳамкорӣ аз ҷониби ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода ва роҳбарони донишгоҳҳои олии Узбекистон баҳри  баргузор намудани конфронсҳои байналмилалии муштарак, ташкили даврҳои такмили ихтисос барои омӯзгорон, табодули донишҷӯён, ташкили факултетҳои муштарак ва инчунин бо дипломи олии муштарак таъмин намудани хатмкунандагон имзо гардид.

Гуфта мешавад, ки раёсати донишгоҳ то ин муддат бо 4 муассисаи олии Ҷумҳурии Узбекистон шартномаи онлайнӣ ба имзо расонида буд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram