Имрӯз дар доираи баргузории Рӯзҳои синамои узбек ҳайати Ҷумҳурии Узбекистон, аз дараи зебоманзар, макони итстироҳатию сайёҳии Варзоб дидан намуд. Дар ин бора аз МД «Тоҷикфилм» хабар доданд.
Ҳайати меҳмононро масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мардуми меҳмоннавози ноҳияи Варзоб тибқи оину суннатҳои меҳмондории тоҷикона истиқболу пазироӣ намуданд.
Баъдан дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб намоиши филми ҳунарии «Таҳаввулот» коргардон Е. Тӯйчиев барои алоқамандони синамо намоиш дода шуд.
Қабл аз намоиши филм намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ҳайати меҳмононро хайрамақдам гуфта, онҳоро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.
Меҳмонон аз истиқболу пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, ҷиҳати таҳкиму тавсеаи робитаю ҳамкориҳои судманд миёну ду халқи дӯсту бародар ва рушду такомули ҳамкориҳо дар соҳаи синамо танниёти нек баён доштанд.
Хотирнишон менамоем, ки дар ҳошияи сафари сатҳи олии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-ум то 20-уми апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои синамои узбек идома дорад.
Тибқи барнома имрӯз 17-уми апрели соли 2024 соати 17.00 дар кинотеатри «Ватан» намоиши филми ҳунарии «Ситораи Улуғбек», ки дар он Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шуравӣ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дорандаи нишони «Ситораи Президенти Тоҷикистон» ва унвони фахрии «Арбоби ҳунари Тоҷикистон» Ҳошим Гадоев нақш офаридааст, манзури мухлисону ҳаводорони ҳунари нотакрори ин ҳунарпешаи асил гардонида мешавад.
Маросими расмии ихтитоми Рӯзҳои синамои узбек 19-уми апрели соли 2024 соати 18.00 дар кинотеатри «Ватан» бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» коргардон М.Матчанов анҷом хоҳад ёфт.