РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

БО МЕҲРУ ВАФО БА СӮЙИ СИДҚУ САФО

Тоҷикистон бо сиёсати дарҳои боз дар роҳи рушду инкишоф устуворона қадам мегузорад. Возеҳтарин шарҳи мафҳуми «сиёсати дарҳои боз» ин муносибати инсондӯстона аст. Яъне дари мо баҳри равобити хайр барои ҳама боз ҳаст ва чун анъанаи ҳазорсолаи шарқиёна дастурхони мо ороста барои дӯстон мебошад. Сиёсати феълии Давлату Ҳукумати кишвар таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамин шева шакл мегирад. Ин сиёсат дӯстиву ваҳдату ҳамгироиро суроғ менамояд.

Тоҷикистону Узбекистон байни ҳам Эъломия дар бораи таҳкими дӯстӣ ва иттифоқи абадӣ доранд. Ин Эъломия ба манфиати халқҳои ҳар ду кишвар буда, омили муҳими таҳкими сулҳу субот дар минтақа мебошад. Зеро имрӯз инсоният пешорӯи хеле аз мушкилот қарор дорад. Ва роҳҳали ин мушкилот ҳамкориву тамимгириҳои муштаракро тақозо дорад. Заминаи ин ҳуҷҷати таърихиӣ ба қарни асрҳо меравад. Як сарзамин, як фарҳангу дину эътиқод ва оини хешу таборӣ ин халқҳоро пайваставу қарин сохта буд. Аслан Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ду кишваре ҳастанд, ки мардумонашон таърихи муштарак ва умумиятҳои зиёде дар рӯзгори хеш доранд. Ва тули таърих ин ду халқи бародар ҳамеша дар рӯҳияи неки ҳамсоядорӣ, боварӣ, дӯстӣ, созандагӣ умр ба сар бурдаанд. Ва ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои роҳбарии хеш таъкид кардаву барои муносибатҳои неки ҳамсоядорӣ байни ин ду кишвари дӯсту ҳамҷавор талош кардаанд. Бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон интихоб шудани муҳтарам Шавкат Миромонович Мирзиёев муносибатҳои дӯстиву бародариамон ба сатҳи нав баромаданд. Бо талоши ин ду роҳбари воломақом дар кутоҳтарин фурсат монеаҳои сунъӣ аз байн бурда шуданд. Ва мардуми Тоҷикистон ба саҳми шахсии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар рушду таҷдиди муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон эҳтиром мегузоранд. Ба таври бесобиқа гарму самимӣ истиқбол гирифтани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Узбекистон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар Тоҷикистон зимни сафарҳо нишон медиҳад, ки мардум ва сарони кишварҳо ба ҳам эҳтирому эътимод доранд.

Аз тасмимгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар меояд, ки сатҳи кунунии ҳамкориҳо бо Узбекистон дар тамоми соҳаҳо қадр мешавад ва талош барои рушди минбаъдаи шарикии стратегии Тоҷикистону Узбекистон торафт меафзояд. Дар 7-8 соли охир то ба беш аз 50 маротиба афзудани гардиши мол байни ин кишвар худ гувоҳи ин гуфтаҳост. Барои тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Узбекистон дар соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, саноат, нақлиёту коммуникатсия, тиҷорату бонкдорӣ ва сайёҳӣ ҳанӯз имконият зиёд буда, истифодаи он ба манфиати халқҳои ду кишвар хоҳад шуд. Узбекистонро бо масоҳат, аҳолӣ, захираҳои табиии нафту газ, маҳсулоти кишовразӣ яке аз тавонмандони Осиёи Марказӣ ҳисобидан мумкин аст. Дар ҳудуди Тоҷикистон 50 % пиряхҳои Осиёи Марказӣ ҷойгир аст, ки захираи 60% обҳои минтақаро ташкил медиҳанд. Ва ин имконияти ҳамкориҳоро барои самаранок ва ба манфиати якдигар истифода шудани онҳоро меафзояд. Аз ҷумла бунёди иншооти сарнавиштсоз – НБО “Роғун” имкониятест, ки мавқеи ҳукуматҳои ҳар ду кишварро ба ҳам овард. Ин мавқеъро Тоҷикистон аз оғоз таъкид карда буд, ки татбиқи ҳама лоиҳаҳо бо назардошти манфиати ҳамсояҳо сурат мегиранд.

Аз рӯи таҳлили коршиносону сиёсатмадорон ва омӯзишу мушоҳидаҳо дар чанд соли охир муносиботи ин кишварҳо ба ҳадди тассаввурнопазир таҳаввулу тағйир ёфт. Мавқеи ин ду давлат дар муносибат ба мушкилоти ҷомеаи башарӣ, аз ҷумла дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии яроқу вслиҳа, маводи мухаддир ва амсоли ин яксон аст. Ин равандро халқҳои ҳар ду кишвар ҷонибдорӣ менамоянд. Бо вуҷуди ин наметавон хотирҷамъ гашт. Зеро ҳанӯз манфиатхоҳоне ҳастанд, ки суботу оромии Осиёи Марказӣ барояшон хушоянд нест. Ба ҳар роҳу восита барои ноором сохтани ин минтақа талош доранд. Аз ин ҷиҳат дар навбати аввал мардуми ин ду кишвари ҳамсоя бояд ҳушёрии сиёсии худро аз даст надиҳанд, дар атрофи сиёсати сулҳофари сарварони худ муттаҳид бошанд. Дар якҷоягӣ ба муқобили ниқобдорони манфиатхоҳе мубориза баранд, ки бо исломи сиёсӣ минтақаи оромро ба маркази гирудорҳои хунин табдил додан мехоҳанд.

Дар расму оини мардуми ҳар ду кишвар муштаракоти зиёде ба мушоҳида мерасад. Рафту омади дӯстона, меҳру муҳаббат, равобити доманадор ва ҳузур дар маросими суру сӯги ҳамдигар ин таълимоти ҳамон Исломест, ки зиёда аз 14 аср боз тоҷикону узбекон пайравӣ менамоянд. Мардуми ҳар ду кишвар пайрави мазҳаби таҳаммулпазири Имоми Аъзам буда, дар сатҳи олии роҳбарияти кишварҳо ба ин таълимот арҷ гузошта мешавад.

Бо талоши ин ду роҳбари воломақом меҳру муҳаббати тоҷикону ӯзбекон мустаҳкам гардид. Ин ҳамон меҳру муҳаббатест, ки устоду шогирд Абдураҳмони Ҷомиву Алишер Навоӣ барпо медоштанд. Ин ҳамон расму оини бародарист, ки Садриддин Айниву Ҳамза Ҳакимзода, Мирзо Турсунзодаву Ғафур Ғулом бо ду забон баҳри дӯстиву бародарии ду халқ дурри маънӣ месуфтанд. Дӯстиву бародарӣ ин манфиат ва саодати халқҳои тоҷику ӯзбек мебошад. Тоҷику ӯзбек бо меҳру вафо ба сӯйи сидқу сафо қадам мениҳанд.

Бахтиёр Қутбиддинов,

Сангин Гулов,

устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram