17 апрел дар доираи баргузории Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон ҳайати ин давлат бо дараи зебоманзар- макони истироҳатию сайёҳии Варзоб шинос гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар доданд.
Сипас дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб филми ҳунарии «Таҳаввулот» ба алоқамандони синамо намоиш дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Узбекистон аз 15 то 20 апрел дар шаҳри Душанбе идома меёбанд.
Тибқи барнома, имрӯз, 17 апрел, соати 17:00 дар кинотеатри «Ватан» филми ҳунарии «Ситораи Улуғбек», ки дар он Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дорандаи нишони «Ситораи Президенти Тоҷикистон» ва унвони фахрии «Арбоби ҳунари Тоҷикистон» Ҳошим Гадоев нақш офаридааст, манзури мухлисону ҳаводорони ҳунари нотакрори ин ҳунарпешаи асил гардонида мешавад.
Рӯзҳои синамои Узбекистон 19 апрели соли 2024, соати 18:00 дар кинотеатри «Ватан» бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод ҳамсар!» анҷом меёбанд.