РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд

Роҳҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои саноат ва сармоягузорӣ дар мулоқоти  Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Узбекистон Лазиз Қудратов дар Душанбе баррасӣ гардид.

Дар Вазорати саноат ва технологияҳои  нави ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки мулоқот дар доираи омодагӣ ба сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир шуда, мусоҳибон масъалаҳои мубрамеро, ки ба таҳкими ҳамкории ду давлат муосидат менамоянд, муҳокима намуданд.

Шералӣ Кабир ва Лазиз Қудратов омодагиашонро ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои гуногуни саноат, танзими нишастҳои соҳибкорӣ ва мусоидат ба фаъолияти намояндагони бахши хусусии ҳарду давлат иброз намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram