РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Синамогарони Узбекистон аз Қалъаи Ҳисор боздид карданд

Имрӯз дар доираи сафари Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон ва баргузории Рӯзҳои синамои узбек синамогарони Ҷумҳурии Узбекистон аз Қалъаи таърихии Ҳисор ва ҷойҳои зебою дилороӣ водии зарнисор боздид ба амал оварданд. Дар ин бора аз «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мардуми меҳмондӯсти шаҳри Ҳисор тибқи суннатҳои меҳмондории тоҷикона ва анъанаҳои неки дӯстию бародарӣ таҳти садои мусиқӣ ва шодию сурур меҳмононро истиқболу пазироӣ намуданд.

Баъдан дар Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор барои алоқамандону ҳаводорони синамо филми ҳунарии «Судя» коргардон Д.Масаидов ба намоиш гузошта шуд.

Нахуст, ҳайати меҳмонон ба ҳозирин шинос гардида, миёнашон суҳбати гарму самимӣ барпо карда шуд.

Доир ба тавсеа ва таҳкими робитаҳои дӯстию бародарона ва пайвандию қаробати ду халқи ҳамсоя изҳори андеша карда шуд.

Ҷиҳати меҳмоннавозӣ ва истиқболу пазироии гарму ҷушон синамогарони Ҷумҳурии Узбекистон ба мардуми сарбаланди тоҷик, минҷумла ба халқи сахопешаю меҳмондӯсти водии зарнисори Ҳисор ва ба Роҳбарияти Олии кишвар самимияти беандозаи хешро иброз доштанд.

Хотирнишон менамоем, ки дар ҳошияи сафари сатҳи олии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-ум то 20-уми апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои синамои узбек идома меёбад.

Дар асоси барнома синамогарони кишвари дӯсту ҳамҷавори Узбекистон пагоҳ 19-уми апрели соли 2024 ба шаҳри Ваҳдат ташриф меоранд ва дар ин замина филми ҳунарии «Абдулло Орифов» коргардон М.Эркинов манзури мухлисону тамошобинон гардонида хоҳад шуд.

Маросими расмии ихтитоми Рӯзҳои синамои узбек 19-уми апрели соли 2024 соати 18.00 дар кинотеатри «Ватан» бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» коргардон М.Матчанов анҷом мапазирад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram