РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳайати Тоҷикистон бо раиси Бонки миллии Швейтсария роҳҳои тақвияти ҳамкориро баррасӣ намуд

Дар шаҳри Вашингтон вохӯрии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан доир гардид, хабар доданд аз Бонки миллии Тоҷикистон.

Дар ҷараёни мулоқот ба сатҳу сифати ҳамкории дуҷонибаи давлатҳо баҳои баланд дода, таъкид шуд, ки муносибати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Конфедератсияи Швейтсария дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт рӯз то рӯз тақвият меёбад.

Роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ишора ба муносибатҳои боэътимоди иқтисодӣ, ҳамкории мутақобилан судманд ва муаррифии фаъолонаи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки миллии Швейтсария дар Шурои директорони Хазинаи Байналмилалии Асъор /ХБА/ ва Бонки ҷаҳонӣ ба раиси он Томас Йордан миннатдорӣ баён намуд. Гуфта шуд, ки маҳз солҳои ба ҳайси раиси Шурои мудирони Бонки миллии Швейтсария хизмат намудани Томас Йордан муносибатҳо боз ҳам тақвият ёфтанд.Дар вохӯрӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода иштирок намуд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода намояндагӣ менамоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram