РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рӯзҳои синамои узбек дар Тоҷикистон ҷамъбаст гардид

Дирӯз дар кинотеатри «Ватан» маросими расмии ҷамъбасти Рӯзҳои синамои узбек баргузор гардид. Дар ин бора аз МД «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Саҳни кинотеатри «Ватан» идона оро ёфта, синамогарони Ҷумҳурии Узбекистон таҳти садои руҳнавози карнаю сурнай мавриди истиқбол ва пазироӣ қарор дода шуданд.

Бо садои мусиқӣ ва карнаю сурнай меҳмонон ва иштирокдорони чорабинӣ ба кинотеатри «Ватанз» ворид гардиданд.

Нахуст, роликҳои табиғотӣ доир ба оғози робитаю ҳамкориҳо миёни ду кишвари дӯсту ҳамҷавор манзури ҳозирин гардида, директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бори дигар меҳмононро ба сарзамини куҳанбунёди точик хайрамақдам гуфта, баргузории Рӯзҳои синамои узбекро омили асосии рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи синамо арзёбӣ намуд.

Таъкид гардид, ки Рӯзҳои синамои узбек дар кишвар дар фазои дӯстӣ ва сулҳу суббот дар сатҳи муносиб доир гардид.

Изҳори итминон карда шуд, ки сабаби қаробати халқҳои тоҷику узбек фаъолияти якҷоя дар фазои фарҳангии муштарак зиндагӣ кардан мебошад.

Дар идома ба хотири қадрдонию меҳмоннавозӣ ба ҳайати меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.

Синамогарони узбек бобати дар сатҳи баланд баргузор намудани Рӯзҳои синамои узбек ба мардуми меҳмоннавози тоҷик ва Роҳбарияти Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосу самимияти хешро баён доштанд.

Намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» коргардон М.Матчанов хотимабахши Рӯзҳои синамои узбек гардида, алоқамандони синамо ба маҳсули эҷодии синамогарони узбек ошноӣ пайдо намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram