РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бо супориши Президенти Тоҷикистон ба аҳолии аз боронҳои сел зарардидаи мамлакат кумак расонида шуд

Охири ҳафтаи гузашта Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо дастгирии шарикони байналмилалӣ ба 125 хонаводаи шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, навоҳии Рӯдакӣ ва Темурмалики вилояти Хатлон, ки бар асари боронҳои сели рӯзҳои 14-15 апрел зарар дидаанд, кумак расонид.

Ин кумак тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, аз маводи озуқа ва ғайриозуқаворӣ иборат буд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки тавассути вокуниши фаврӣ ва ташкили ҳамкорӣ бо дастгирии якчанд созмони байналмилалӣ ба аҳолии шаҳру навоҳии мамлакат, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ зарар дидаанд, сари вақт ёрӣ расонида шуд.

Кумакҳои расонида асосан аз маводи ғизоӣ, маводи мавриди ниёзи аввал, бастаҳои беҳдоштӣ ва ҳабҳои тозакунандаи об иборат буданд. Онҳо бо истифода аз таҷҳизоти махсуси Кумита ба ҷамоатҳои деҳот расонида шуда, дар ҳузури комиссияҳо ба ниёзмандон тақсим гардиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram