РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд

20 апрел дар шаҳри Саригаши Ҷумҳурии Қазоқистон кумаки башардӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии аз сел зарардидаи Қазоқистон супорида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон Рустам Назарзода иброз дошт, ки кумак ба мардуми бародари қазоқ бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонида шуд.

Муовини аввали вазири ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҳукумати Тоҷикистон барои кумаке, ки дар чунин давраи душвор ба ноҳияи зарардида расонида шуд, изҳори сипос намуд.

Кумаки башардӯстона, ки аз маводи ғизоӣ, оби ошомиданӣ, масолеҳи сохтмон ва бомпӯши хонаҳо иборат буд, аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд бо 61 вагон ва 13 мошини боркаш дар ҳаҷми 3,5 ҳазор тонна, фиристода шуд.

Ёдовар мешавем, ки 19 апрел дар доираи тадбирҳои олии башардӯстона дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз офатҳои табиии рӯзҳои охир зарардидаи Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки башардӯстона фиристода шуд.

Дар натиҷаи обхезӣ дар панҷ минтақаи Ҷумҳурии Қазоқистон 4870 бинои истиқоматии сокинон зери об монда, ба иқтисодиёти ин давлат хисороти зиёд расид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram