РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Имрӯз Маҷмааи фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дари худро барои сокинону сайёҳон боз менамояд

Шуруъ аз 23 апрел Маҷмааи фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дари худро барои сокинону сайёҳон боз менамояд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Шаҳрвандон метавонанд аз Қалъаи Хуҷанд боздид кардаву истироҳат намоянд.

Бояд гуфт, ки Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» чанд рӯз қабл бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида буд.

Қалъаи Хуҷанд ба ҳайси истеҳкоми боэътимод, ки таърихи се ҳазорсола дорад, бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд эҳё ва барқарор карда шуд.

Дар асоси лоиҳа деворҳои атрофи қалъа, арку дарвозаҳои он барқарор гардида, бунёди бинои маъмурӣ, растаҳои ҳунармандон, ошхонаи миллӣ, намунаи хонаву ҳавлиҳои қадимаи шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, растаҳои болопӯшида барои омода намудани таомҳои миллии мардуми тоҷик, ҳаммому нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон сохта шудааст.

Дар қисмати ҷанубии Қалъаи Хуҷанд мутобиқ ба талаботи замони имрӯз 8 растаи барҳавои ҳунармандӣ ташкил гардида, дар онҳо маҳсули кори ҳунармандон, ба монанди навъу намудҳои зиёди маҳсулоти қаннодӣ, наққошӣ, кулолгарӣ, кундалнигорӣ, мусаввараҳо, кордҳои гуногун, қолинҳои дастӣ, либосҳои миллии мардонаю занона, адрасу атлас, маснуоти заргарӣ, армуғонҳо ва созҳои миллии мусиқӣ ба намоиш гузошта шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram