РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сафири Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Ҷумҳурии Арабии Сурия мулоқот намуд

21 апрели соли 2024 зимни сафари корӣ ба Димишқ мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода бо вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Ҷумҳурии Арабии Сурия Файсал ал-Миқдод доир гардид.

Зимни мулоқот густариш ва тақвияти муносибатҳои дуҷониба дар арсаҳои гуногун, ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар самти мубориза бо терроризми байналмилалӣ, роҳандозии ҳамкорӣ миёни сохторҳои соҳавӣ баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо инчунин перомуни вазъияти кунунии минтақа ва ҷаҳон табодули афкор намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram