РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи илми тоҷик маросими ҷоизасупории озмунҳои ҷумҳуриявӣ баргузор шуд

24-уми апрели соли ҷорӣ дар Кохи Суруш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик маросими ҷоизасупории озмунҳои ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ва «Магистранти сол» бо иштироки вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, намояндагони ниҳодҳои дахлдор, иштирокчиёну ғолибони озмунҳои болозикр ва дигар кормандони соҳаи маориф ва илм баргузор гардид.

Дар ибтидо навори кӯтоҳ оид ба рушди илму маорифи миллӣ пахш шуд. Дар идома Раҳим Саидзода аз дастовардҳои вазорат дар самти илм ёдовар шуда қайд кард, ки баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон», «Магистранти сол» ва дигар озмунҳои илмӣ барои рушди илми тоҷик омили таъсиррасон ба ҳисоб меравад.

Сипас ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ва «Магистранти сол» бо гирифтани диплому ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» миёни донишҷӯён, магистрантон, докторантон аз рӯи ихтисос ва унвонҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он аз 46 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 23 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ихтироотҳои донишҷӯёну магистрантон ва унвонҷӯёну докторантон аз рӯи ихтисосро дар ҳаҷми 181 кори илмӣ ва лоиҳаҳои ихтироотӣ пешниҳод намуданд.

Тибқи хулосаву баҳогузории комиссияи экспертии озмун кори беҳтарини илмию таҳқиқотӣ ва лоиҳаҳои ихтироотии донишҷӯёну магистрантон ва унвончуёну докторантон аз рӯи ихтисос муайян гардида, сазовори ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва ифтихорнома дониста шуданд.

Ҳамин тавр, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дар озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ширкат намуда, дар маҷмуъ соҳиби 42 ҷойи ифтихорӣ (20 ҷойи 1, 14 ҷойи 2 ва 8 ҷойи 3) ва 14 ифтихорнома гардиданд.

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Магистранти сол», ки миёни магистрантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки аз 12 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ 12 кори илмӣ-таҳқиқотӣ пешниҳод шуд. Аз 12 кори пешниҳодшуда магистрантон соҳиби 1 ҷойи 1,2 ҷойи 2, 2 ҷойи 3 ва 2 ифтихорнома гардиданд.

Ҳамзамон, як қатор кормандони соҳаи илму маориф бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», «Ифтихорнома» ва «Сипоснома» — и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи илми тоҷик сарфароз гардиданд.

Дар охир дар иҷрои оркестри эстрадии назди Консерваторияи миллии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ доир гардид.

Зеваршоҳ Уктамшоҳзода,

Радиои “Фарҳанг”

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram