РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Театри Лоҳутӣ дарси маҳорат таҳти унвони «Санъати актёрӣ дар марҳилаи кунунӣ” оғоз шуд

Дар даврони нави давлатдорию давлатсозии миллӣ театр як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти муосир ба шумор рафта, набзи зиндагӣ ва рўҳияи мардумро ифода мекунад. Вобаста ба рушду сайқали санъати театрӣ дарси маҳорат дар мавзуи “Санъати актёрӣ дар марҳилаи кунунӣ” ба кори худ оғоз кард.

Дар Душанбе аз 24 то 27 апрели соли ҷорӣ дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ барномаи омӯзишии Лоиҳаи байналмиллалии “Мактаби театрии Александрин: рушди ҳамкорӣ бо давлатҳои аъзои ИДМ”, ки ташаббускораш Театри миллии Россия мебошад, ба кори худ оғози тоза бахшид.

Ба ҳайси устодон коршиносони пешбари Россия дар соҳаи менеҷмент ва продюссерии лоиҳаҳои театрӣ аз Театри миллии драммавии Россия (Театри Александрин), Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, Донишкадаи санъати саҳнавӣ ширкат меварзанд, иброз намуд сармуҳаррири шӯрои бадеии Вазорати фарҳанги кишвар Тоҳири Муҳаммадризо.

Беҳтарин донандагони санъати театрӣ аз Мактаби театрии Александрин зиёда аз 70 шунаванда,актёрони ҷовон,навсафарони санъати театриро дар Тоҷикистон бо ҳам оварда дарси маҳорати актёрро ҳам амалӣ ва ҳам аз ҷиҳати назариявӣ меомузонанд .
Ҳар як иштирокчии лоиҳа, ки аз аттестатсияи ҷамъбастӣ бо муваффақият мегузарад, соҳиби шаҳодатномаи намунаи давлатӣ дар бораи баланд бардоштани тахассуси Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург мегардад. Дар баробари ин, барои 35 ҳунарманди Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти интенсивии “Маҳорати санъати ҳунармандӣ дар шароити муосир” – барномаи муштараки Театри Александрин ва Донишкадаи давлатии санъати саҳнавии Россия гузаронида мешавад.


Тавре ки масъулини созишнома иброз намуданд «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи ташаббусҳои лоиҳавӣ дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарор дорад. Барои гурӯҳи мо он чиз махсусан пурқимат аст, ки ки лоиҳаи “Мактаби театрии Александрин” театрҳои пешқадами Тоҷикистон — Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковскийро фаро мегирад. Созишнома дар бораи хамкорӣ низ се театри Тоҷикистон ва Театри Александринро муттаҳид месозад. Ҳамчунин, дар Сорзишнома қайд гардидааст,ки “Ба ҷараёни амалӣ намудани барномаи Мактаб низ чорабиниҳои ҳамаҷониба омода месозем. Аз ҷумла, моҳи феврал дар шаҳри Боку дар мо намоиши «Нақшҳои намоёни саҳнаи рус” гузаронида шуд. Дар шаҳри Душанбе бахшида ба таърихи намоёни театри рус як қатор вохӯриҳои эҷодӣ барпо менамоем.

Моҳи сентябри соли равон дар якҷоягӣ бо шарики таълимии унвонии мо Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург мо барномаи муштараки магитративӣ “«Иқтисод ва менеҷмент дар санъат»-ро мекушоем ва бо камоли хурсандй донишҷӯёни тоҷикро ба сафи магистрантони оянда қабул мекунем. Бо дастгирии Хазинаи ҳамкории гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ амалӣ намудани лоиҳаи «Мактаби театрии Александрин» хатти ҳамкориҳои дарозмуддатро бо ҷомеаи фарҳанг ва санъат барпо карда истодаем”, — кайд мекунад директори Театри Александрин С.Емельянов.
Ёдрас шудан ба мавридаст,ки дар доираи барномаҳои тиҷоратӣ ва эҷодии лоиҳа як қатор чорабиниҳо баргузор мешаванд:


25 апрел, соати 10:00 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ — лексияи Ҳунарманди шоистаи Россия, профессор, доктори илмҳои санъат, муовини роҳбари бадеии Театри миллии драмавии Россия (Театри Александрин) Александр Чепуров. 26 апрел соати 15:00 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ — муносибати матбуот ва муколамаи ошкоро бо директори Театри миллии драмавии Россия (Театри Александрин), роҳбари лоиҳаи «Мактаби театрии Александрин» Сергей Емельянов.

Ба имзо расидани ёддошти ҳамкории Театри миллии драмавии Россия (Театри Александрин) бо Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Театри драмавии русии ба номи В. Маяковский.

Лоиҳаи «Мактаби театрии Александрин: рушди ҳамкорӣ бо давлатхои аъзои ИДМ» дар Душанбе бо дастгирии Хазинаи байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Точикистон дар Федератсияи Россия ба амал бароварда мешавад.Тавре ки ба мо иттилоъ доданд соли 2024 лоиҳаи “Мактаби театрии Александрин” дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид ва дар назар аст, ки боз идома ёбад.

Лутфия Қурбонова,

радиои «Фарҳанг»

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram