РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сафири Тоҷикистон бо директори Маркази байналмилалии амнияти об ва Мудирияти рушд таҳти сарпарастии ЮНЕСКО мулоқот кард

22 апрели 2024 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром бо директори Маркази байналмилалии амнияти об ва Мудирияти рушд таҳти сарпарастии ЮНЕСКО (UNESCO i-WSSM) Бонгу Шин баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳоро дар соҳаи об, аз ҷумла иштироки Маркази номбурда дар Конфронси 3-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба “Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки 10-13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе доир мегардад, баррасӣ намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram