РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Душанбе. Оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад

25-26 апрел дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Фонди миллии «Шоҳроҳи абрешим» ва дастгирии Институти омӯзиши сулҳи Иёлоти Муттаҳидаи Америка конференсияи байналмилалии илмию амалии «Рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» баргузор мегардад.

Тавре аз Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо хабар доданд, конференсияи байналмилалӣ дар партави ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ва тибқи нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ барои соли 2024 доир мешавад.

Ҳадафи асосии баргузории конференсия ташвиқ ва тарғиби ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба беҳдошти оби ошомиданӣ дар саросари ҷаҳон ва коркарди пешниҳодҳои муфид оид ба пурзӯр намудани ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи обу энергетика мебошад.

Дар кори конференсия коршиносон, масъулон ва олимони соҳаи энергетика аз мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка иштирок мекунанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram