РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамкориро бо ширкатҳои сайёҳии Русия тақвият медиҳад

24 апрели соли ҷорӣ мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод бо муассис ва роҳбари бюрои саёҳии Aredov Travel— Аредов Арсений ва иҷрокунандаи вазифаи Директори Шӯрои кории Тоҷикистон ва Россия (Российско-Тоджикский Деловой Совет) – Мизай Ирена Валеревна баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар оғоз аз ҷониби роҳбарияти Кумита оид ба имкониятҳо сайёҳии кишвар маълумот дода шуда, соҳаи сайёҳиро ҳамчун самти афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ арзёбӣ намуда, ба роҳ мондани инфотурҳо байни ширкатҳои ҳарду кишва бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон муҳим арзёбӣ гардид.

Ҳамзамон, роҳбарияти Кумита қайд намуд, ки дар моҳи сентябри соли 2024 баргузории намоишгоҳи сайёҳии “Travel HUB” дар шаҳри Душанбе дар назар аст, ки таъмини ширкатҳои сайёҳии Россия дар чорабинии мазкур ҷиҳати рушди муносибатҳои дуҷониба ва шиносои бо зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ мебошад.

Инчунин, масоили истифодаи самараноки беҳтарин таҷрибаҳои Россия оид ба пешбурди соҳаи сайёҳь ва ҳамкорӣ намудани Кумитаи рушди сайёҳӣ бо Ассотсиатсияи туроператорони Россия барои ҳамкориҳои судманд ва мустаҳкам намудани дӯстӣ, баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣ дар рушди сайёҳӣ иброз намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram