Дар Тоҷикистон то имрӯз аз ҷониби Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо (ITFC) ба маблағи 182 миллион доллар лоиҳаҳои сармоягузорӣ татбиқ шуда, дар айни замон 3 лоиҳа ба маблағи 18 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мегардад.
Дар доираи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд /БИР/ дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ/мудири кишварии Бонки Исломии Рушд аз Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Роҳбари ITFC ва Корпоратсияи Исломии Рушди бахши хусусӣ (ICD) Ҳани Салем Сонбол мулоқот намуда, масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд. Дар ин хусус аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Завқӣ Завқизода имконияти зиёди сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусии Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, аз Роҳбари ITFC ва ICD-и бахши хусусӣ дархост намуд, ки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла тақвияти иқтидори содиротии мамлакат, таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ҳалол, марказҳои логистикӣ, рушди савдо ва сайёҳӣ, бонкдории анъанавию исломӣ ва тақвияти иқтидори бахши хусусӣ маблағгузориро зиёд намояд.
Роҳбари Корпоратсия Ҳани Салем Сонбол омодагиашро барои татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва тақвияти ҳамкорӣ изҳор намуд.