РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тоҷикистону Олмон ҳамкориҳоро дар самти илму маориф тақвият медиҳанд

Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федералии Олмон дар Тоҷикистон Йорк Шуграф баргузор гардид. Дар он сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, Сафорати Олмон дар Душанбе, Интститути Гёте дар Тошканд, Хадамоти мубодилаи Академияи Олмон, ва Хадамоти омӯзиши забони олмонӣ дар хориҷа иштирок намуданд.

Дар ибтидо Ҷамшед Ҷӯразода дар бораи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федералии Олмон дар самти маориф ва илм суханронӣ намуда, зикр кард, ки ҳамкории ҷонибҳо дар марҳалаи ҷадид қарор дорад ва ин барои маорифи ду миллат самарабахш хоҳад буд.

Дар навбати худ Йорк Шуграф аз ҳамкориҳои судманд бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, аз тақвияти ҳамкориҳо дар самти маориф ва илм истиқбол кард.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкориҳо дар самти омӯзиши забони олмонӣ дар Тоҷикистон, омӯзиши фарҳангу забони тоҷикӣ дар Олмон, таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар зинаҳои бакалавр ва магистратура, мубодилаи донишҷӯёну омӯзгорон, ҳимояи корҳои илмӣ, таъсиси намояндагии Интститути Гёте ва Хадамоти мубодилаи Академияи Олмон ва чанде дигар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram