РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҷиҳати беҳдошти муҳити зист ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ электромотороллерҳо тақдим карда шуд

Ҷиҳати амалӣ намудани корҳои ободонию солимгардонии кишвар тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 28 декабри соли 2023 баён доштанд, санаи 27 апрели соли 2024 бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғд, Хатлон, минтақаи Кӯлоб ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 25 адад электромотороллерҳо тақдим карда шуд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бояд тазаккур дод, ки тасмими мазкур дар доираи лоиҳаи “Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳафзаи баҳри Арал” гирифта шудааст.

Иқдоми мазкур ҷиҳати саривақт тоза намудани партовгоҳҳои муваққатӣ аз партовҳо, тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву маҳаллаҳои аҳолинишин ва пешгирӣ аз хуруҷи бемориҳои сироятӣ амалӣ гаридидааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram