Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд хонум Одил Рено-Бассо мулоқот намуд.
Таъкид шуд, ки давоми 30 соли ҳамкорӣ ҳаҷми маблағгузориҳои Бонк ба Тоҷикистон қариб ба як миллиард евро расидааст.
Ҳоло бо маблағгузориҳои Бонк дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 лоиҳа дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, обтаъминкунӣ ва инфрасохтори хоҷагии манзилию коммуналӣ ба маблағи умумии 600 миллион доллар амалӣ мешавад.
Ҷонибҳо зимни мулоқот бо баррасии муҳимтарин масоили ҳамкории дуҷониба баҳри тақвияти ҳамгироӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.