РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 5 вазн қувва меозмоянд

Имрӯз, 3 май дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ Мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2024» оғоз мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар рӯзи якуми мусобиқа  варзишгарон аз рӯи 5 вазн:  — 48 кг, -52 кг, -57 кг байни занон ва -60 кг ва -66 кг байни мардон қувва меозмоянд.

Тоҷикистонро дар ин рӯз 14 ҷудочӣ муаррифӣ менамоянд.

Меҳрзод Суфиев дар вазни -60 кг дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Анварҷон Иброҳимови узбек ва Изнаур Сааев (дастаи варзишгарони инфиродии бетараф) гӯштин мегирад.

Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни -60 кг бо Виҷай Кумар аз Ҳиндустон дар даври аввал неру месанҷад.

Муҳаммад Маҳмадизода дар вазни -60 кг бо Дук Тат Чу аз Ветнам дар даври аввал гӯштин мегирад.

Ҳақдод Гулов дар вазни -60 кг дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Петрос Кристодоулидес аз Кипр гӯштин мегирад.

Обид Ҷебов дар вазни +60 кг дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Ҳаким Агаммамедов аз Туркманистон ва Сумия Лхагвасурен аз Муғулистон неру месанҷад.

Муллораҷаб Халифаев дар вазни +60 кг бо Мартин Сетз аз Олмон гӯштин мегирад.

Ёсин Бобокалонов дар вазни +60 кг дар даври аввал бо Абрек Нагучев (дастаи варзишгарони инфиродии бетараф) неру месанҷад.

Муқтадири Бобоҷон дар вазни +60 кг бо намояндаи дастаи варзишгарони инфиродии бетараф Иван Чернюх гӯштин мегирад.

Дар байни занон Райҳона Розиқзода дар вазни -48 кг бо Аманда Лимаи бразилӣ дар даври аввал қувва меозмояд.

Дар вазни -52 кг Аҳлия Муъминова бо Мариа Сидероти португалӣ, Насиба Карликова бо Софиа Асвестаи кипрӣ ва Мадина Қурбонзода бо Гулҳайё Ҷӯраеваи узбек неру месанҷанд.

Дар вазни -57 кило Фазилат Гулбоева бо Убасарт Маскарои испанӣ ва Раҳмия Ханҷарбекова бо Леле Наирнеи бритониёӣ дар даври аввал гӯштин мегиранд.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ ва олимпӣ мешаванд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз мегарданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram