Имсол маротибаи аввал дар Тоҷикистон таҳти унвони «Гютер Уэкер ва арҷгузорӣ ба Ҳофиз» намоиши асарҳои рассоми олмонӣ профессор Гютер Уэкер баргузор мегардад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Гуфта шуд, ки барои дар сатҳи баланд баргузор намудани намоишгоҳ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари ташкилоти «Art@ Culture International» мулоқот ва мубодилаи афкор намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Вазорати фарҳанги мамлакат барои таҳкиму густариши ҳамкории дуҷонибаи фарҳангӣ бо Олмон ҳамкории судманд намуда, баргузории намоиши санъати рассомиро дар Тоҷикистон қобили дастгирӣ мешуморад.
Бояд гуфт, ки Гютер Уэкер рассоми олмонӣ буда, асарҳояшро бештар бо мех меофарад.