5 майи соли 2024 дар шаҳри Теҳрон машваратҳои консулӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид. Ҳайати ҷониби Тоҷикистонро муовини вазири корҳои хориҷӣ Фаррух Шарифзода ва ҳайати ҷониби Эронро муовини вазири корҳои хориҷӣ Алиризо Бекдилӣ роҳбарӣ карданд. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар доданд.
Дар доираи машваратҳои мазкур ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба робитаҳои консулӣ миёни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.