РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Тоҷикистон Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» баргузор мегардад

Ба ин муносибат ва бо мақсади ташвиқу тарғиби ин осори безавол аз 10 то 14 -уми майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе Фестивал — симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» бо иштироки ҳайатҳои ҳунарӣ ва олимони санъатшиноси кишварҳои Озорбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Ўзбекистон ва Эрон баргузор мегардад. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.

 «Шашмақом» — мусиқии пурғановат ва мероси пурбаҳои мардуми тоҷик аст, ки ҳамасола 12 май дар саросари кишвари азизамон Тоҷикистон таҷлили гиромидошти он қайд мегардад.

Аз ҷониби Созмони байналмилалии ЮНЕСКО ҳамчун ёдгории ҷаҳонии ғайримоддӣ эълон гардидани ин шоҳасари мусиқии халқи тоҷик шукуҳу шаҳомати онро бештар дар арсаи олам ҷилвагар намуд.

Тибқи барномаи чорабинӣ 11 майи соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Симпозиум дар мавзуи “Дурнамои рушдии мусиқии суннатии халқҳои Шарқи Наздик ва Миёна дар шароити ҷаҳонишавӣ” ва дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ маросими ифтитоҳи Фестивал бо барномаи консертии ҳунармандони тоҷик, рўзи 12 май галаконсерт бо иштироки ҳайатҳои ҳунарии кишварҳои иштирокчӣ доир мегардад. Ҳамчунин, дар ҷараёни Фестивал-симпозиум ташкили дарсҳои маҳорат бо услуби “Устод — шогирд” дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода дар назар аст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки 7-ноябри соли 2003 бахши фарҳангии Созмони Миллали Муттаҳид — ЮНЕСКО «Шашмақом»-ро шоҳкории бузурги мусиқии ҷаҳонӣ ва ёдгори маънавии инсоният эълон намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram