РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

 07 майи соли 2024, соати 11:00 ба вақти маҳаллӣ, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев Олимҷон Ҳусейнович, соли таваллудаш 1990, миллаташ ӯзбек, муаллими таърихи мактаби миёнаи №4, ноҳияи Ҷаббор Расулови  вилояти Суғд бо мақсади рӯшани андохтан ба қазия ва сарнавишти писари ноболиғаш, хонандаи мактаби миёнаи номбурда Абдуллоев Рамзон, ки дар хатти сарҳади давлатӣ боздошт шудааст, ният дошт ба низомиёни қирғиз, ки дар деҳаи Сулютка мустақар буданд, муроҷиат кунад. Дар ин хусус аз Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ягон амал ё кирдоре, ки ба принсипҳои ҳамсоягии нек мухолиф аст, вобаста ба мақоми иҷтимоии худ (муаллими таърих) Абдуллоев О.Х. нишон надодааст, вале  ба муқобили у яроқи оташфишон истифода шудааст, ки дар натиҷаи он вай ярадор гардидааст.

Айни замон Абдуллоев О.Х. дар беморхонаи ноҳиявӣ бистарӣ аст.

Мақомоти дахлдори ду кишвар ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Вазъият дар марз таҳти назорат аст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram