Дар робита ба татбиқшавии чораҳои пурзӯри амниятӣ дар фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Қазоқистон, Вазорати корҳои хориҷӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки пеш аз сафар ба Қазоқистон ҳуҷҷатҳои заруриро бо худ дошта бошанд.
Ҳангоми пурсишу тафтишҳои кормандони мақомоти сарҳадӣ ва гумрукии Қазоқистон зимни воридшавӣ ба он кишвар, шаҳрвандони Тоҷикистонро зарур аст, ки ба саволҳои марбут ба мақсади сафар, замони бозистодан (будубош) ҷои истиқомат, робитаҳои хешовандӣ ва дӯстӣ доштан бо сокинони Қазоқистон мушаххас ҷавоб дода, дар сурати лозим будан, суроғаи истиқоматӣ ва рақамҳои телефони онҳоро барои тамос пешниҳод намоянд.
Ҳамчунин дар сурати дучор гардидан бо мушкилиҳо, шаҳрвандони Тоҷикистон, бояд ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон (тел: +77761760043 – WhatsApp, tajembastana@mfa.tj) ё Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Алмато (тел: +77775883115 – WhatsApp, tajconsalmaty@mfa.tj) муроҷиат кунанд.
Дар зимн маврид ба таъкид аст, ки миёни мақомоти дахлдори Тоҷикистону Қазоқистон ҳамкории зич ва созанда идома меёбад.