РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад

11 майи соли 2024, соати 10:00 дар шаҳри Душанбе Анҷумани ғайринавбатии XVIII Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Рӯзномаи Анҷуман мавзуъҳои фаъолияти Ҳизби демократии Тоҷикистон дар ду соли охир ва масъалаҳои ташкилӣ, аз ҷумла интихоби раис ва дигар роҳбарияти онро дар бар мегирад.

Бояд гуфт, ки Ҳизби демократии Тоҷикистон яке аз ҳизбҳои сиёсии аввалини Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, соли 1990 таъсис ёфтааст. Ҳизби демократии Тоҷикистон дар чорабиниҳои сиёсии мамлакат фаъолона иштирок мекунад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram