РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар соли 2023 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Чин 24,2 фоиз афзоиш ёфтааст

8 майи соли 2024 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти ҳамраисии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва муовини Вазири савдои Ҷумҳурии Мардумии Чин/сарпараст оид ба гуфтушунидҳои тиҷоратӣ Лин Тсзи ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Чин оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардида, аз натиҷаи он протокол ба имзо расонида шуд. Дар ин бора аз Вазорати ушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Завқизода З. А. қайд кард, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва иродаи олии сиёсии роҳбарони ҳарду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ҳамкориҳои стратегии кишварҳои мо ба сатҳи сифатан баланд баромаданд.

Зеро Чин дуюмин шарики тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар сармоягузории соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас дорад. Дар соли 2023 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин 1,5 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022-юм 24,2 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати иҷрои супоришҳои роҳбарони ҳарду давлат ва дар сатҳи баланд омодагӣ гирифтан ба сафари расмии дарпешистодаи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон татбирҳои заруриро амалӣ менамоянд.

Аз ҷумла корҳои сохтмониро дар биноҳои нави Ҳукумат ва Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мувофиқасозии созишномаҳои ҳамкории дахлдор оид ба сармоягузорӣ, тиҷорати электронӣ, энергетикаи нав, маъданҳои фоиданок ва дигарҳоро дар муҳлатҳои кутоҳтарин ба анҷом мерасонанд.

Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва саноатӣ лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятноки мушаххасро, аз ҷумла лоиҳаҳои энергияи сабз, азнавсозии Ширкати “Алюминийи тоҷик”, сохтмони маркази логистикӣ дар ноҳияи Данғара, 4 эстакада дар шаҳри Душанбе ва азнавсозии роҳи автомобилгарди Варшез — Қулмаро татбиқ менамоянд.

Ба ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода З. А., Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Саидзода З. О., муовини раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода А. С., муовинони вазири молия, нақлиёт, энергетика ва захираҳои об Қурбониён С., Сафарзода М., Саидмуродзода Ш. ва сардори раёсати ҳамкориҳои иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Дилшод Шарифи шомил мебошанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram