РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Суғд маросими ёдбуди шаҳидони​ Ҷанги​ Бузурги​ Ватании солҳои 1941-1945 баргузор шуд

8 майи соли 2024 дар назди муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги​ Бузурги​ Ватании солҳои 1941-1945, воқеъ дар мавзеи Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд маросими гулгузорӣ ва ёдбуди шаҳидон баргузор гардид. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода,​ собиқадорони ҷангу меҳнат ва намояндагони аҳли зиёи вилоят, ҷомеаҳои меҳнатӣ,​ омӯзгорону толибилмони макотиби оливу миёнаи касбӣ , мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва дигарон бар пояи муҷассамаи ёдбуди шаҳидони ҷанг гулҳои тару тоза гузошта, хотири шаҳидону қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватаниро пос доштанд.

Ёдовар бояд шуд, ки ҳамасола 9​ май дар қатори халқҳои дигари сулҳдӯсти сайёра дар кишвари соҳибистиқлоли мо низ санаи таърихии Рӯзи Ғалаба бар фашизм ботантана таҷлил мегардад.​ Соли равон аз таърихи муборизаҳои фидокоронаи дар майдонҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ нишондодаи фарзандони кишвари азизамон Тоҷикистон 79 сол сипарӣ гардид.

Дар ин ҷанги хонумонсӯз аз кишвари мо беш аз 300 ҳазор нафар мардони далеру шуҷоъ сафарбар гардидаанд ва​ 92 ҳазор нафари онҳо ба хотири адо кардани қарзи фарзандии хеш дар майдонҳои ҷанг ҳалок шудаанд. Аз ин рӯ, қадршиносӣ ва ба ёд овардани корномаи беназири падарони қаҳрамон, инчунин насли калонсол, занон ва наврасоне, ки дар ақибгоҳ шабонарӯз заҳмат кашида, дар таъмини афсарону сарбозон бо маводи ғизоӣ, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ саҳми арзишманди худро гузоштанд, вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст маҳсуб меёбад.

Соли равон аз ҷониби​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои қадршиносии ҳар як​ иштирокчии​ ҶБВ ба миқдори 40 000 сомонӣ маблағ​ ҷудо гардида, ба ҷанговарон дастрас карда шуд.

Аз ҷониби Раиси вилоят бошад​ ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ, ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони ҳалокгардидае, ки нафақаи бесаробонӣ мегиранд, ба ҳар кадоме ба миқдори 7 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ супорида шуд.​ Ҳамзамон, ба шахсоне, ки дар солҳои ҶБВ дар хизмати ҳарбӣ буданд ва камаш шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, шахсоне, ки барои хизмати ҳарбии бенуқсон ва меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ дар солҳои ҶБВ бо яке аз медалҳои “Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945”, “Барои Ғалаба бар Япония” ва “Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945” сарфароз гардидаанд, ба миқдори 4000 сомонӣ кӯмакпулӣ дастрас гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram