Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон майдони пайдоиши малах 73 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.
Дар ситоди вилоятӣ таҳти раёсати Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид таъкид гардид, ки майдони паҳншавии ҳашароти зараррасон 47400 гектарро дар бар гирифта, беш аз 42 261 гектар мавриди коркарди кимиёвӣ қарор гирифтааст.
Тавре қаблан иттилоъ додем, ба хотири пешгирӣ аз хуруҷи малахи марокашӣ дар вилояти Хатлон ва омодагии доимии техникаҳо Ситоди мубориза бар зидди малах таъсис дода шуда, то имрӯз аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои пешгирӣ аз паҳншавии малах заҳрхимикатҳо, сӯзишворӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ дастрас гардидаанд.
Зимни ҷаласаи ситод гуфта шуд, ки агар мубориза бар зидди малах анҷом сари вақт наёбад, шояд зарараш ба зироат ва заминҳои кишоварзӣ ҳам расад.
Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз ба шаҳру ноҳиҳои Вахш 60 адад, Кӯшониён 50 адад, Левакант 30 адад, Панҷ 60 адад заҳрдоруи намуди «Каратэ» тақсим карда шуд.