Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан бо ҷараёни кишти картошка шинос шуд. Дар ин хусус аз маркази матбуоти шаҳри Истаравшан иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки имсол тибқи нақша дар 2500 гектар замини хоҷагиҳои кишоварзии ҳудуди шаҳр бояд картошка кишт шавад. То 6 май дар 1300 гектар картошка кишт карда шудааст.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни шиносоӣ бо корҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ бо раисони ҷамоати деҳоту масъулини соҳа суҳбат намуда, гуфт, ки дар шароити кунунии амнияти озуқавории ҷаҳон моро зарур аст, ки заминҳои корамро самаранок истифода бурда, барои бо маҳсулоти кишоварзӣ ҳарчӣ бештар таъмин намудани аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ андешем.