Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми гурӯҳи кории байнисоҳавии техникӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва идоракунии озмоишгоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар медиҳад.
Ҷаласа бо дастгирии техникии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар доираи Барномаи пешгирии пандемия, омодагӣ ва вокуниш ва ташаббуси ягонаи саломатӣ доир шуд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба хадамоти озмоишгоҳии соҳаи тандурустӣ ва Кумитаи амнияти озуқавории мамлакат, аз ҷумла дастовардҳо ва мушкилоти мавҷуда, чорабиниҳои нақшавӣ, самтҳои афзалиятноки нақшаи стратегии рушди хадамоти озмоишгоҳӣ ва қадамҳои минбаъдаи он барои рушди соҳаи тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин замина бояд гуфт, ки пандемияи COVID-19 ба хадамоти тандурустии давлатҳои ҷаҳон таъсир расонида, нишон медиҳад, ки то чӣ ҳад набудани системаҳои озмоишгоҳии боэътимод метавонад барои ошкор, ташхис ва назорати бемориҳои сироятӣ монеа эҷод намояд.