РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сафири Тоҷикистон бо вазири савдо ва ҳамгироии Қазоқистон мулоқот кард

13 майи соли 2024 дар шаҳри Остона вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо вазири савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон Шаккалиев Арман баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушду тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат ва логистика баррасӣ намуданд.

Инчунин, ҷонибҳо мавзуи баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, иҷроиши бандҳои харитаи роҳ оид ба афзоиши гардиши мол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, содироти меваю сабзавот, аз ҷумла пиёзи барвақтӣ ва баргузории чорабиниҳои муштараки дарпешистода дар давоми соли ҷориро мавриди муҳокима қарор доданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram