РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Соҳили Сирдарё ба мавзеи истироҳатӣ табдил дода мешавад

Дар доираи бунёдкориҳо соҳили дарёи Сир, аз назди пули «Ҷашнӣ» то Кохи фарҳанги «Суғдиён» тибқи лоиҳаи махсус ба яке аз ҷойҳои зеботарини маркази вилоят табдил хоҳад ёфт.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аснои боздид аз соҳили Сирдарё иттилоъ додааст, ки аз ҷониби меъморон ва лоиҳакашон лоиҳа таҳия шуда истодааст. Дар ин мавзеъ иншооти замонавии тандурустӣ ва солимгардонӣ, ҷойҳои истироҳативу фароғатӣ барои сокинон бунёд карда мешавад.

Ба меъморону лоиҳакашон ҷиҳати таҳияи тарҳи мукаммал, ба масъулини ҳифзи муҳити зист ва сардухтурони муассисаҳои тиббӣ барои тозаву озода нигоҳ доштани соҳили дарё, атрофи муассисаҳои тандурустӣ супоришҳо дода шуд.

Таъкид гардид, ки бояд ба тозагии муҳити зист таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намуда, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бурда шавад, то дар баробари ташкилоту идораҳо сокинон низ масъулият эҳсос намоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram