20 май ҷаласаи ҳамоҳангсозони Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид (СММ) барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA) таҳти роҳбарии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода доир гардид. Дар ин хусус аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд.
Дар ҷаласа инчунин муовини Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE), намояндаҳои доимии кишварҳои аъзои SPECA дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева иштирок намуданд.
Дар кори ҷаласа масъалаи тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодии минтақавӣ дар доираи Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид (СММ) барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA) ва рӯзномаи кори он дар соли 2024 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бояд таъкид намоем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид (СММ) барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA)-ро дар соли 2024 бар уҳда дорад.