20-21 май ҳайати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конференсияи минтақавии коршиносон, ки бо ташаббуси Намояндагии минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ (UNODC ROCA) дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Конференсия дар заминаи Платформаи минтақавӣ барои мусоидат ба татбиқи босуръати меъёрҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия баргузор гардида, ҳадафи асосии он аз табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкорӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон дар самти баргардонидани дороиҳои тасарруфшуда, идораи дороиҳои ҳабсшуда ва мусодирашуда, инчунин масъалаҳои мубрам оид ба истифодаи криптоасъор ба шумор меравад.