РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Осорхонаи миллӣ аз чорабинии байналмилалии “Шабе дар Осорхона-2024” натиҷагирӣ карда шуд

Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи саҳмгузорон аз чорабинии байналмилалии “Шабе дар Осорхона-2024” натиҷагирӣ карда шуд. Дар ин бора аз Осорхонаи миллӣ хабар доданд.

Дар қисмати ифтитоҳии расмии чорабинӣ директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо суханронӣ намуда, зикр кард, ки барномаҳои фарҳангиву фароғатии иқдоми байналмилалии “Шабе дар Осорхона” аз солҳои қаблӣ бо хусусисятҳои хосашон фарқ доштанд ва ҳама чорабиниҳо таҷассумгари таъриху фарҳанг ва анъанаҳои миллии халқи тоҷик буданд.

Ҳамзамон, зикр гардид, ки дар доираи иқдоми байналмилалии “Шабе дар Осорхона” аз соати 18:00 то 23:00 зиёда 15620 нафар тамошобини ватаниву хориҷӣ аз маҳфилҳои баргузорнамудаи кормандони муассиа ба таври ройгон боздид ба амал оварданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш барои ҳамкорӣ ва иштироки фаъол дар намоишу чорабиниҳои фарҳангии иқдоми байналмилалии “Шабе дар Осорхона-24” ба як қатор саҳмгузорон, аз ҷумла сарпарасти кул ҶСП “Душанбе ситӣ бонк”, сарпарасти расмӣ ширкати полиграфии “Asia Print”, шарикони чорабинӣ корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикани “Сиёма”, МДК «Cosmo land», Муассисаи давлатии “Сирки давлатии Тоҷикистон”, Муассисаи давлатии “Боғи ҳайвонот”, сафоратхонаҳои кишварҳои Русия, Узбекистон, Туркманистон, Туркия, Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҳиндустон, Кореа, Фаронса, Фаластин, Покистон, Хитой, намояндагони ВАО, МТМУ №70-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва як қатор кормандони илмии муассиса «СИПОСНОМА»-и Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки иқдоми байналмилалии “Шабе дар Осорхона” чорабинии махсуси Осорхонаи миллӣ буда, ҳамасола 18-уми май ба ифтихори рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар сатҳи баланди касбӣ ташкил ва баргузор карда мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram