РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Кумакҳои Пешвои миллат ба зарардидагони офати табиӣ дар ноҳияҳои Нуробод ва Рашт расиданд

Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 75 оилаи аз офатҳои табиӣ зарардидаи ноҳияи Нуробод ва 60 оилаи ноҳияи Рашт кумакҳои якдафъаина расонида шуданд. Дар ин хусус аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд.

Кумакҳо аз орд, шакар, равғани растанӣ, нахуд, биринҷ, ҷав, картошка, сабзӣ, пиёз, рахти хоб – кӯрпа, рӯйпӯш, матрас, болишт, мӯзаи резинӣ, ароба ва бел иборат буданд.

Ёдовар мешавем, ки 23 май корҳои бозсозӣ дар километри 140-уми шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш, ки бар асари сел тахриб шуда буд, идома ёфтанд. Ба ин кор 3 техникаи муҳандисии хадамоти роҳи ноҳияи Нуробод ва 4 техникаи хадамоти роҳи ноҳияи Рашт ҷалб карда шуд. Корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар деҳаи Сариқоши Ҷамоати деҳоти Хумдони ноҳияи Нуробод идома доранд.

Дар мавзеи пули деҳаи Яхак бо ҷалби як техникаи муҳандисӣ ва 120 нафар аҳолии маҳаллӣ ҳашар ташкил карда шуда, корҳои соҳилбандӣ анҷом дода шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram