РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба 2 дидбонгоҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин кумак расониданд

Ба муносибати 30- солагии  таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба дидбонгоҳҳои «Саломалек» ва «Боғ»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин кумак расонида шуд. Дар ин хусус аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар доираи ин кумакҳо барои сарбозон дастархон ороста шуда, 13 тонна маводи ғизоӣ кумак ва ду автомобили дигар туҳфа карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки 28 майи соли 1994 бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати қӯшунҳои сарҳадӣ таъсис ёфт.Тибқи қонунгузории мамлакат, ҳамасола 28 май Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷашн гирифта мешавад.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва азму талошҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯзҳо баҳри ҳимояи хоки муқаддаси Ватан шароити хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ беҳтар гардида, рӯз то рӯз вазъи иҷтимоиву иқтисодии хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла сарҳадбонон беҳтар мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram