РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе Намояндагии хадамоти шиносномавӣ-раводидии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ифтитоҳ шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар сатҳи сифатан нав ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо Федератсияи Россия, 28 майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе бо иштироки вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилӣ, генерали политсияи Федератсияи Россия Колоколтсев Владимир Александрович, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ва дигар шахсони расмӣ маросими ифтитоҳи Намояндагии хадамоти шиносномавӣ-раводидии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар доданд.

Бояд зикр намуд, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар натиҷаи мулоқоту музокироти пай дар пайи роҳбариятҳои олии ҳар ду кишвар баҳри дар амал татбиқ намудани муқаррароти Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия, бокортаъминкунӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардиданд.

Ҳадафи асосии таъсиси намояндагии мазкур анҷом додани як қатор чорабиниҳои омодагӣ, аз ҷумла санҷиши пеш аз сафар дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, шаҳрвандон имкон доранд, ки дар дохили ҷумҳурӣ аз бақайдгирии изи ангушт ва санҷиши манъи вуруд ба ҳудуди Федератсияи Россия гузаранд. Ин расмиёт барои омодагии минбаъда ҷиҳати сафарбаркунии муташаккилонаи онҳо ба фаъолияти меҳнатӣ мусоидат менамояд.

Дар маросими ифтитоҳи Намояндагии хадамоти шиносномавӣ-раводидии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар шаҳри Душанбе қайд гардид, ки Федератсияи Россия шарики стратегии Тоҷикистон буда, робитаҳои дӯстии ин ду кишвар таърихи тулонӣ дошта, барои ҳарду ҷониб манфиатовар мебошанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram