РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи якчанд қонун баррасӣ шуд

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи  якчанд қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Дар иҷлосия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» ва  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи мутақобила» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони парлумон  — муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ, Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода,  муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ, Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Сурайё Дӯстмуродзода, вакилони мардумӣ Мансур Усмонзода,  Азиз Гиёзода ва  Мунаввар Абдусаломзода  муаррифӣ намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram