РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Давлаталӣ Саид бо роҳбари Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Холгер Вифел мулоқот намуд

29 май, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбари Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар Тоҷикистон Холгер Вифел мулоқот намуданд.

Дар мулоқоти ҷонибҳо масоили иқтисодиву сармоягузорӣ дар самтҳои обрасонӣ, энергетика, хизматрасонии нақлиёти мусофиркашон, коркарди партобҳо ва ғайра мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят саҳми ташкилоти байналмилалии молиявиро дар татбиқи тарҳҳои бузург назаррас арзёбӣ намуданд. Бо сармоягузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд то имрӯз як қатор тарҳҳо, аз ҷумла лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Бохтар» амалӣ шудааст.

Амалисозии лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон” бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, мақсади татбиқи он ҷорӣ намудани хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии дохилишаҳрӣ ва наздишаҳрӣ бо истифода аз автобусҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасонии мусофиркашӣ, паст кардани ҳолатҳои тамбашавии нақлиёт дар роҳҳои мошингард, баланд бардоштани бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва беҳтар намудани вазъи экологӣ иборат мебошад.

Дар мулоқот таваҷҷуҳи меҳмонон ба навсозии пойгоҳҳои обкашӣ ва кашидани хатҳои оби полезӣ ҷалб карда шуд, роҳбарияти вилоят барои тақвияти ҳамкории дуҷониба изҳори омодагӣ намуд.

Роҳбари Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар Тоҷикистон Холгер Вифел дар навбати худ таъкид карданд, ки бонк омода аст барои ҳамаи самтҳои афзалиятнок маблағгузорӣ намояд.

Бояд зикр намуд, ки лоиҳаҳо дар самти идоракунии партовҳо дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак ва ноҳияи Ёвон, таъминот бо оби нӯшиданӣ дар шаҳри Норак ва рушди хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар вилояти Хатлон бо маблағи умумии 30,2 миллион доллари амрикоӣ бевосита амалӣ шуда истодаанд.

— Ҳамзамон вилояти Хатлон ҷонибдори он аст, ки ҳамкориҳо дар самти таъминоти самарбахш бо барқ ва гармӣ, бунёди роҳҳо ва рушди хизматрасонии нақлиётӣ, тараққӣ додани хоҷагии қишлоқ ва обрасонӣ ва дастгирии бахши хусусӣ тақвият ёбад, — гуфт раиси вилояти Хатлон.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инкишофи бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии таъмин намудани ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст. Дар доираи стратегияи мазкур татбиқи Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ қабул гардид, ки дар самти дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ яке аз санадҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.

Пас аз мулоқоти расмӣ раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид бо роҳбари Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар Тоҷикистон Холгер Вифел аз бинои маъмурии КВД “Бохтарнақлиётхизматрасон”, ки дар асоси лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон» амалӣ шудааст, дидан намуданд. Ин лоиҳа айни ҳол дар шаҳри Бохтар ба маблағи 9,2 миллион доллари амрикоӣ амалӣ шудааст ва дар асоси лоиҳаи мазкур филиали он дар шаҳри Кӯлоб кушода мешавад.

Изҳори итминон карда шуд, ки чунин мулоқотҳо ба рушди ҳамкориҳои минбаъдаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд такони хуб мебахшанд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram